ЛЕВАКАНТ.Вазифаи мо масъулони ҳизбӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки онҳо асоси татбиқкунандаи ғояҳои созандаи ҲХДТ дар ҷамъият мебошанд, суҳбату вохӯриҳоро доир намуда истодаем.
Чунин як вохӯрӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқ»-и шаҳр хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ,тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки сулҳу суботи пойдори Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азизро нодида мегиранд, андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ташкилоту гурӯҳҳои ғараздошта ба манфиатҳои миллат ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ раҳнамоӣ карданд.