КУШОНИЁН.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бомаҳал эълон кардааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба барномаи ҳизб огоҳ карда самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар байни онҳобарраси намуда истодааст.
Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳомидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, корманди прокуратураи ноҳия Саидзода Абдуқодир, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён, Ёров Абдуғаффор инчунин бо иштироки сокинони деҳаи Ҳ.Хоҷаев мулоқот баргузор гардид.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ аз ҷумла сафарбар кардани сокинон бо сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари гуруҳҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо, аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонаю ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, ҳунари кадбонугӣ, маҳсулотӣ кишоварзони деҳа ба маърази тамошо гузота шуда буд.
Мақсади баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои боз хам равнак додани хунарҳои мардумӣ дар робита ба эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои ва муттаҳид намудани мардум атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор мебошад.