БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт”, директори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии шаҳри Кӯлоб Ғуломов Раҳимқул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки ҲХДТ ба инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани онро бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дониста,  сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва дохилиро зарур мешуморад.

Зимнан, Ғуломов Раҳимқул дар баромади худ гуфт, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳимму саривақтӣ мебошад. Дастгириҳои доимӣ, татбиқи нақшаҳо, талошҳои пайваста ва натиҷаҳои бадастомада рушди иқтисоди миллиро таъмин ва имкониятро барои расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам мегардонад.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷайка»-и Ҷопон ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 22 техникаи роҳсозӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии техникаҳои номбурда, барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб ворид карда шудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg