ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия, боғчаи бачагонаи №3-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ ва самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев В ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрузаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушдисайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати ҷалби мардум ба Аксияи тарғиботи-амалииҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунм!” барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои миллӣ шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.
Инчунин, ба иштирокчиёни ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” фахмонида дода шуд, ки барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оварданд.