БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- роҳкушо ба ояндаи осоиштаи мардум

А.ҶОМӢ. Дар маҳаллаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакилони маҳаллӣ, бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони маҳаллаи зикрёфта баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо  сокинони маҳалла изҳор дошт, ки пеш аз ҳама мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ, дидорбинӣ  буда,  дар  баробари ин дастуру супоришҳое, ки  аз  мақомотҳои болоии ҳизбианд  ба  шумо расонидану дар якҷоягӣ  аз  пайи татбиқи  он  шудан мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда, зикр кард, ки дар воқеъ Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ  Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд.

Дар охир мар думи маҳаллаи номбурда  дар навбати худ итминон доданд, ки таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва он нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардидаанд, барои рушди соҳа саами арзанда мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад тибқи ҷадвали тасдиқгардида, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  кариб ҳаррӯза бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳою мулоқотҳои судмандро баргузор менамоянд.

Дар охир сокинони маҳаллаи «Маданият» бо як овоз ташкилоти ибтидоии «Маданият»-ро таъсис дода, Нодирова Саидаро раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg