БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби мардумӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Сангтудаи ҷамоати деҳоти Сангтуда  хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби мардумӣ буда, ҳамеша барои таъмини  сулҳу субот ва зиндагии осудаи  мардум  кӯшиш менамояд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Сайфуллоева Наргис ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Ғаффурова Розия атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg