БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот асоси фаъолияти ҳизбиёни ноҳия

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи   Мулкони  ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин  бо сокинони маҳал мулоқот доир карда шуд.

Зимнан Асомуддин Ғуломов  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани онҳо аз хавфу хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастиву бегонапарастӣ миёни занону бонувон,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ба дарки ҷомеа расонидани  моҳияти   Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сафарбар кардани шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кӯмак  ба шахсони эҳтиёҷманд,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби мардум ба кор ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ андешаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg