Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда, бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ, КАТС" хониши сиёсӣ доир намуданд.
Масъулин дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суҳбат оростанд.
Боиси қайд аст, ки бо баргузории чунин хонишҳои сиёсӣ аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сатҳи дониши сиёсӣ ва маънавии ҷомеъа мустаҳакам гардида, нуфузу эътибори ҲХДТ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боло рафтааст.