БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Интихоби тарзи ҳаёти солим омили пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”, мудири шуъбаи иттилоотии маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар минтақаи Кӯлоб Чупонова Гуландом иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО/АНМО дар баробари терроризму экстремизм аз омилҳои хатар ба генафонди миллат мансуб меёбад. Донистани бемориҳои сироятӣ, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо дар айни замон зарур ва муҳим мебошад. Муҳимтар аз ҳама барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ин интихоби тарзи ҳаёти солим ва сабру таҳаммулро пеша кардан аст.

Дар навбати худ Чупонова Гуландом суханронӣ намуда, изҳор кард, ки бемориҳои гуногуни сиёроятӣ зиёданд. Яке аз ин бемориҳо ВНМО мебошад, ки зиёдшавии ин беморӣ боиси нигаронии тамоми давлатҳо гаштааст ва ин беморӣ табобатнашаванда буда, марги ногузирро дар пай дорад. Аз ин рӯ имрӯзҳо, ки хуруҷи АНМО (СПИД) ба сатҳи ташвишовар зиёд шудааст, интихоби тарзи ҳаёти солим роҳест барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас, ҳамоҳангии ҷаҳони ботинӣ, муносибатҳои танзимшуда бо атрофиён, инкишофи зеҳнӣ ва маънавӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg