ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Нурофари ҷамоати деҳоти Сангтуда бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок ва андешаронӣ намуда, афзуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, метавонад омили таъсирбахш ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилавии сокинонамон гардад ва ҳамзамон муаррификунандаи миллати тамаддунофари тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунари дастии онҳо баҳои баланд дода, онҳоро дар оянда низ барои сайқал додани анъанаҳои неки ниёгон раҳнамоӣ карданд.