БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ

ВОСЕЪ. Дар Беморхонаи касалиҳои пӯсти ноҳияи Восеъ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва тарғиби Аксияи тарғиботии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ ташкил карда шуд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат дар рафти мулоқот иштирок намуда, иброз дошт, ки  ба ҳама маълум аст, ки паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемории ВНМО/АНМО ВИЧ/СПИД ва Гепотити С дар ҷомеаи имрӯзаи мо бисёр ташвишоваранд.

Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист. Мубориза бар зидди бемории мазкур кори дастаҷамъонаро талаб мекунад, ки  махсусан кормандони соҳаи тиббро зарур аст, вобаста ба баланд бардоштани маълумотнокии сокинон дар бораи ВНМО/АНМО корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷомеа зиёд намоянд.

Зимни суҳбат сардухтури беморхонаи мазкур Ф.Ҳайдаров қайд кард, ки мо табибони соҳа кӯшиш менамоем то ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост ва бояд пеш аз ҳама маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони бемориҳои сироятӣ  баланд бардорем ва фаҳмонем, ки пинҳон кардани ҳуввияти шахси бемор аз ҳама омили хатарноктарин ва манбаи паҳншавиву афзоиши ин бемориҳо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg