АНДЕША. Чанд рӯз қабл, аниқтараш дар арафи Иди сайиди фитр дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли бо ном табрикотии видеоии раиси ТЭТ ҲНИТ Кабирӣ бахшида ба анҷомёбии моҳи шарифи рамазон нашр шуд, ки фикр мекунам фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ онро шуниданд. Дуруст аст, ки моҳи шарифи рамазон моҳи ростӣ, хайру садақот дар ҳар шакл, парҳез аз гуноҳу фитнаву дасиса ва дуруғпароканиву дигар амалҳои ғайришаръист. Аммо ин барои касоне, ки нафақат ба Худову Расул имон надоранд, балки онро василаи расидан ба ҳадафҳои нопоки худ қарор додаанд, умуман рабте надорад. Аз суханрониҳои раиси ТЭТ ҲНИ баръала мушоҳида мешавад, ки ин палид нафақат аз миллати ҷафододаи худ, балки аз Худову Расул низ ибое надорад. Дин, имон, эътиқод, мушкилоти мардум, ки маҳз омили мавҷудоташон худи уст, аз ҷумлаи силоҳҳое ҳастанд, ки у барои расидан ба аҳдофи худу хоҷагонаш ҳамоно истифода мекунад.
Тааҷубовараш ин аст, ки ҳамоно ба ин усул, яъне фиребидани мардуме, ки тули таи чанд даҳсолаи охир аллакай аз ҳама макру ҳиллаи онҳо бохабаранд, дастбардор нест. Ҳамоно эътимод бар он дорад, ки боз ҳам метавон баъди ба фиреб кашидани ин миллату чи балоҳоеро сараш зери шиори ислому дин овардан метавон боз ҳам муваффақ шуд.
Барои ин кор ҳатто ба қавли мардум «чашмаш хам хурдани нест». Дар ру баруи воситаи наворбардор, ки ҳаст, (албатта агар воқеан мардум мебуд, шояд каме шарму ҳаё мекард), чунон беҳаё, беибо ва бепарво дуруғ мегуяд, ки нафрати касро меорад. Саволеро дар зеҳни кас бедор мекунад, ки «Ин хоинон то ба кай мехоҳанд мардумро фиребанд???».
Кабирӣ дар оғози суҳбати худ, бо иштиёқи том аз он ёдовар мешавад, ки ба хотири он боз тариқи видео ба мардум муроҷиат мекунад, ки гуё мамқомот писари кадом бечораи бадбахтро ба хотири паҳн кардани наворе бо иштирокӣ Кабирии террорист мавриди муҷозот қарор додааст! Ин бадбахти хоин бошад, тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам бештар ба дом афтондани ҷавонони гумроҳ ва бечора кардани волидони онҳо, ки албатта аз ин ҳолат Кабирӣ лаззат мебараду норозигии мардум барои ӯ манбаи хушҳолист, минбаъд видеомуроҷиатҳояшро афзоиш диҳад. Тавре худаш баён мекунад, минбаъд ҳамингуна дар хидмати мардумаш хоҳад буд. Яъне ман видеоҳоямро зиёд мекунам, фарзандони шуморо бештар ба хиёнату терор ҷалб мекунам, онҳоро пушти панҷара мефиристам ва амсоли ин .Ана сиришти ин гумроҳи хоин аз чи иборат аст!
Чизи дигареро, ки аз суҳбати ин хоин дарёфтам, боз ҳам бо истифода аз дин зарбаи равонӣ задан ба касоне, ки мрӯз талош доранд, мардумро ҳарчӣ бештар аз аъмоли ин палидон, яъне наҳзатиҳо огоҳ созанд. Инро ғарази дунявӣ номида, хост, руҳан таъсир расонад, ки ин кор барои охирататон муфид нест. Ба ҳар ҳол боз суистифода аз имон аз Худо хост, ки ин афрод, яъне касонеро, ки мардумро дар ҳар шакл чи дар расонаҳо, чи дар кучаву дигар ҷойҳо аз амали наҳзатиҳо огоҳ месозад, бибахшояд. Чи мантиқе!? Оё ин амалҳои хиёнаткоронаи Кабирӣ магар ғаризаи динию ондунёӣ доранд? Магар ҳазоррон нафарро ба хотири ғаризаҳои ондунёӣ куштанд? Оё ҳазорон нафарро бадбахт кардаву карда истодаанд, барои он дунёст? Албатта, ки на ҳама ин талош барои ба даст овардани ҳокимияти халқ бо роҳи фиреб асту тобеи хоҷагони хориҷиашон кардани ин миллат. Вагарна на Кабирии террористу на хоҷагонашон дар даст калиди он дунёву биҳиштро надоранд, ки ин амъмоли худро ғаризаи ондунёӣ маънидод созанд!
Аз муроҷиати Кабирии хоин чизи дигарро кашф кардам, ки боз ҳам бароям нафратовартар гардид. Ин ҳам бошад ҳар боре Кабирӣ ба пайравони хоинаш муроҷиат мекарду, онҳо мубориз меномид, калимаи «муҳоҷирин»- ро истифода менамуд. Имрӯз бори дигар навори телевизиониеро, ки ба хиёнаткориҳои ҲНИ ва аъзоёни фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ, бахусус узви фаъоли он Қиёмиддини Ғозӣ бахшида шуда буд, бодиққат тамошо кардам, баъд сарфаҳм рафтам, ки ҳадафи Кабирӣ аз муроҷиат ба муборизону ба кавли ин хоин муҳоҷирон аз чӣ иборат аст. Албатта баъд аз маҳрум шудан аз эътимоди мардум дар дохили кишвар ва ноком шудан, боз домани муҳоҷирони бечораву берун аз кишвар бо касофати харобкориҳори ин хоинон қарордоштаро гирифтану, бо ҳар роҳ ташвиқот бурдану онҳоро бар зидди ватану миллати хеш шуронидан будааст.
Албатта чаро не муҳоҷирро фиреб додану ба доми худ ҷалб кардан даҳҳо маротиба осон аст. Аввал ин, ки худи муҳоҷират як раванди аз лиҳози психологӣ бисёр осебпазир аст. Зеро дур аз ватану модар, аҳли оила, фарзандон будан агар як сабаб бошад, дигар сабабаш дар муҳити бегона қарор доштани онҳост. Наёфтани кори мувофиқ, нафиристодани маблағ, комёб нагаштан дар муҳоҷират, муносибати нодурусти муҳит ва ҷомеа ҳама воситаҳое ҳастанд, ки ба психикаи муҳоҷир таъсири манфӣ расонида, онҳоро ба ин ё он гуруҳ ҷалб кардан омода менамояд. Танҳо барои шахс нангу номуси миллӣ лозим аст, ки ин гуна ашхосро ақалан аз ҷиҳати равонӣ дастгирӣ кунад ва онҳоро ба зиндагии нек дар оянда дилгарм созад, ки мутаасифона ин гуна шахси баору номус Кабирӣ ва пайравонаш нестанд.
Ана барои чи Кабирӣ аз ибораҳои нав дар суханронию муроҷиатҳояш истифода мекунад. Инро ҳиллаи навбатии ин хоин донистану, муҳоҷиринро аз хатари нав огоҳ кардан вазифаи ҷонии ҳар фарди баору номус аст.
Дар зимн, бояд қайд намоем, ки чанде пеш яке аз фаъолони ҲНИ Эшони Қиёмиддин аз тариқи телевизион тамоми мақсаду ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳоро фош кард. Гарчанде аз тахрибкориҳои аъзоёни ин ташкилоти терроистӣ, ки дар бесуботии кишвар ваҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд, огоҳ бошам ҳам, баъди ин баромад чеҳраҳои манфури наҳзатиён боз ҳам рушантар гардид. Дар ҳақиқат рафтору амалашон бисёр нафратангез ва шармовар буд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд бисёр эҳтиёткор бошанд, то ба доми ин хиёнаткорон наафтанд.
Сарбозшоҳ Суҳробшоев, нафақахӯр аз ноҳияи Кушониён