Имрӯз мудири Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва хабарнигори нашрияи вилоятии ҳизб Зебо Бозорова бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Шаҳодатномаҳои нишонро, ки бо назардошти саҳми арзандаи шахсони мазкур бо имзои вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекздода расмӣ гардидааст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ тақдим карда, ба эшон дар кору фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд. Тавре зикр намуд, дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нишони сатҳи баланди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидани кормандони масъули ҲХДТ дар вилояти Хатлон боиси ифтихор буда, моро зарур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузорем.