БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

Ш.ШОҲИН. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Себдараи  ҷамоати деҳоти Шӯрообод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи мазкур вохӯрӣ  доир гардид. Дар ин вохурӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон баҳри боз ҳам баланд бардоштани сарфаву сариштакорӣ дар рӯзгори ҳаррӯзаи худ даъват ба амал оварданд.  

Дар қисмати интиҳои вохӯрӣ як зумра занони фаъоли диҳаи болозикр ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бараи аъзошавӣ ариза пешниҳод намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg