А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои мазкур бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки зиёда 150 нафар сокинони деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор гардид.
Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон дар деҳаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Шаҳристон» таъсис дода шуд.
Сипас, масъалаи ташкилӣ баррасӣ карда шуда, Дадабоева Арусмоҳ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.