ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Балхии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, раиси ноҳия Аминзода Фотеҳ Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилоят, фаъолон ва собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар чорабинии таблиғотии мазкур аҳли маҳаллаи Балхӣ тамоми ҳанарҳои миллии мардумии худро ба намоиш гузота буданд, ки меҳмонон аз томошои маҳсули дасти ҳунармандон ва деҳқонони Ҷайҳунӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.