БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бар зидди гурӯҳи ватанфурӯши ҲНИ муборизаи беамон хоҳем бурд

ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон ин навбат бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳилолӣ» Бобокалонов Маҳмадзиё хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, инчунин  иштирокдоронро аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ хабардор кард.

Дар охир чанде аз ҷамъомадагон  ба сухан баромада, дар радифи суханрониҳояшон миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ҷумҳурии азизамон  баён дошта,  афзуданд, ки  мо мардуми шарафманди тоҷик  ба  амалҳои  хоинонаи ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ огоҳем ва намегузорем, ки ягон нохалафе фазои орому осудаи моро халалдор созад ва бар зидди чунин   гурӯҳҳои  ватанфурӯшон муборизаи беамон хоҳем бурд.     

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg