БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал аст!

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров дар деҳаи дурдасти ноҳия  Қиёмчашмаи ҷамоати деҳоти Чубек  бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Қиёмчашма» вохӯрӣ  гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ  ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл суҳбат намуд.

Чуноне, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои  андоз озод карда шудааст.

Ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои миллат ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст ва барои даст ёфтан ба ин ниятҳои нек бояд дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин касбу кори хонагиро низ эҳё намуда, ривоҷ бахшем.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳунарҳои мардумии сокинони деҳаи Қиёмчашма ва инчунин, аз дастгоҳи  равғанкашии  сокини деҳа Наврӯзов Сайдаҳмад дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg