БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз суханрониҳои ҳизбиён таассуроти нек бардоштанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати мудири   шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Боронов  Сабзаалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир дар намояндагии Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳия  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот мудири   шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик Боронов  Сабзаалӣ баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид.  Инчунин, оид ба маъсалаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Темурмалик барои солҳои 2018-2019    маълумот дод.

Кормандони  Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират  Мирзоев Музаффар ва Алматов Субҳон  вобаста ба ин хониши сиёсӣ андешаҳои худро озодона баён карданд.

Дар ҷараёни мулоқот Боронов  Сабзаалӣ  ҳозиринро даъват  намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсии имрӯза гирифтаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.

Машғулияти сиёсӣ ба кормандони Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар  ноҳияи Темурмалик  таассуроти нек бахшид.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg