БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷонибдори фарҳанги оламшумули ниёгонамон ҳастем

ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» хониши сиёсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузорп гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуданд.

Яке аз самтҳое, ки дар ин вохӯрӣ бештар мавриди инъикос қарор гирифт, ин фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияти асолати миллӣ буд.

Бояд қайд намоем, ки  имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст,  ин майл ба фарҳанги бегона доштани баъзе аз ҷавонон мебошад. Пешгирӣ ва фаҳмондани моҳияти ин масъала ба ҷавонон вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои фаъоли ҳизб ва ҷомеа мебошад.

Бо ин мақсад  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин иқдом барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ки солҳои охир аз мадди назар дур  гашта буд,  умри дубора бахшида, ҷавонон ба ин масъала бештар рӯ оварда, либосҳои гуногуни миллиро ба бар менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg