ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқоти судманд баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Назарова Фароғат оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, дигар намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ андешаронӣ намуда, аз онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.