КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон гардидааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро бо барномаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.
Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва Дилафрӯзи Абдулло, роҳбари дасгоҳи раиси ноҳияи Кушониён Муҳаммадӣ Сайвализода, раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён, вакили ноҳиявӣ Қурбонов А, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён Ёров Абдуғаффор ва кормандрни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён инчунин, бо иштироки мардуми дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар деҳаи Файзи Истиқлол маҳаллаи Ғозималик мулоқот баргузор гардид.
Дар он оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа ва масъалаи умумиҷаҳонии Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.