КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Агроинвестбонк” аз рӯи китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Зимни он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Агроинвестбонк” Абдураҳмонов Исматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мунаввараи Бозоралӣ дар мулоқот қайд дошт, ки китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!” ба хотири муайяну мушаххас кардани вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ таҳия гардида, иҷрои тавсия ва вазифагузориҳои дар он зикршуда ба рушди афкори ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаётӣ нигаронида шудааст.
Дар навбати худ Абдураҳмонов Исматулло гуфт, ки бо такя ба муҳтавои китоби мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ аз он ба таври васеъ истифода хоҳем бурд.