ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Тахти Сангин” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи терроризму экстремизим, худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи фарзанд, одобу рафтори ҷавонон нисбати куҳансолон ва аз ҳар гуна корҳои номатлуб пешгирӣ намудани ҷавонон андешаронӣ намуд.
Инчунин дар идомаи суҳбат мавсуф аз суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизати арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанро нишон дода истодааст.
Гуфта шуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар мегардонанд.
Бинобар ин, ба аъзогии ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон умуман фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардии ҳадафҳои ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд.