ДӮСТӢ. Бо мақсади муарифии ҳунарҳои сокинони ноҳия ва тарғибӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандози гардидааст аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо сокинони деҳот суҳбату вохӯрӣ ва чорабинии рангини ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ занону духтарони деҳот сӯзаниҳои бо завқи баланд рӯи матоъ овардаи худро, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ресандагиву бофандагиро ба маърази намоиш гузоштанд.
Маҳсулоти ба намоишгузоштаи занону духтарони деҳот диққати тамошобинонро ба худ ҷалб сохта, бори дигар нишон дод, ки мардуми шарафманди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи чунин намуди саънъат бо сарбаландона мебароянд ва иброз намуданд, ки аз меҳнати ҳалоли худ, яъне истеҳсол намудани ашёҳои рӯзгор метавонем маҳсулоти худро ба фурӯш бароварда рӯзгори худро ғанӣ гардонем.