БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулҳои Ватан дар нақши чакан

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизби дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ бахшида ба Соли Рушди сайёҳӣ ва

ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки васеъи ҷавонону наврасон ва сокинони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза  чорабиниро ҳунси оғоз бахшида, атрофи  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуда, зикр кард, ки Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ падидаи накӯест дар дунёи ҳунар, ки дар кишвари мо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Сокинони ҷамоати мазкур миннадории худро барои иқдоми пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён намуданд ва қайд карданд, ки чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шавад то ҳунарҳои миллии мо аз нав эҳё гардад.

Инчунин, дар чорабинии номбурда   намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда, дар он занону бонувони ҳунарманд маҳсули дасти хешро, ки дар онҳо дар нақши чакан гулҳои Ватан тасвир ёфтаанд, ба иштирокдорон намоиш дода шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg