ВАХШ. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя инфрасохтори сайёҳӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тоҷикистон-2"-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Киров Қурбонов Рустам ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣнамуданд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ бахшида ба элон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллӣ пешкаши иштирокчиён гаронида шуд, ки аз намшигоҳи номбурда ҳамагон дидан намуда, бори дигар аз анъанаҳои неки ниёгон шинос шуда, ба ҳунари волои ҳунармандони маҳаллӣ баҳои баланд доданд.