БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати ҳизбиён ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи  Шипдараи  ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки  и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия   Мирзоев Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи суҳбат масъулин иштирокдоронро бори дигар  аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ  карда,  аз онҳо баҳри аз даст надодани  ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg