БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Панҷсолаи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангии ҳизбӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” ташкил ва баргузор карда шуд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳа аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро ривоҷу равнақ дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ ҳунари онҳо  ба хушнудӣ пазируфта шуда баҳои баландро соҳиб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg