БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ бори дигар огоҳ шуданд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муасссиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми  соли ҷорӣ бо иштироки  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Султонободи  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия бо аҳолӣ атрофи суханрониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева  Шоиравохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимни баргузории  вохӯрӣ ҳунарҳои мардумии занону бонувони ҳунарманди деҳа  ба намоиш гузошта шуданд, ки аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ  ҷамъомадагон дидан намуданд.

Инчунин,  дар идомаи суҳбат  масъулин иштирокдоронро бори дигар аз амалҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  огоҳ намуда, барои гирифтани пеши роҳи  шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони гумроҳ ба  гурӯҳҳои ифротӣ  таъкид карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg