БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум амалҳои хоинонаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум карданд!

 ҲАМАдОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нимаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони деҳаи Қарағочи Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия вохурӣ гузарониданд. 

Зимни вохурӣ Фирӯз Пиров атрофи самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханрони кард. Ӯ дар бораи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардуми дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеъа  суҳбат намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки миллате, ки бо анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва оинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад гуфтааст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Масъулин сокинонро аз хатарҳои гуруҳҳои ифротӣ ҳушдор дода аз хиёнатҳои эҳтимолии ҷонибдорони ҲНИ онҳоро огоҳ намуданд.

Ҳамчунин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ҳунарҳои мардумии деҳаи Қарағоч дидан намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg