Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия доир гардид. Масъулин дар вохӯрӣ оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти солимгардонии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ, татбиқи мақсаду мароми ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар ин самт, дар байни мардум бурдани корҳои таблиғотӣ, пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва омӯзиши илмҳои муосир суханронӣ намуданд.