БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Панҷ – дарёе, ки ҳам девори марз асту ҳам манбаи ободӣ

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати тадбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташубусҳои созандаро пешниҳод кард.

Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташабускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкори дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем  ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Соли 2018 айёми таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва рўзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббус нави глобалии мо-даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 расман оғоз мегардад гуфт дар Пайёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон.

Тоҷикистон табиати бою рангин дошта, дорои сарватҳои гуногуни табии мебошад. Яке аз чунин сарвати табии ин дарёҳои Тоҷикистон мебошанд. Яке аз чунин дарёҳои калонтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ аст, ки аз минтақаи куҳҳо ибтидо мегирад. Қаламрави Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб 500 км кашол ёфтааст. Қисми мобайнии он 71 0 тули шарқӣ то 100 км тангтар мешавад. Ин аз он сабаб аст, ки дарёи Панҷ аз Ишкошим ба самти шимол ва аз наздикии Қалъаихум ба тарафи ҷанубу ғарб ҷори шуда, ҳудуди ҷанубии Тоҷикистонро ташкил менамояд. Дар ин ҷо водии дарёи Панҷ қаламрави Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дарозии умумии ҳудуди Тоҷикистону Афғонистон 1030 км-ро ташкил медиҳад. Самти ҷараёни дарёҳои Тоҷикистон ба самти арзии қаторкуҳҳо вобастааст. Дарёҳои Тоҷикистон асосан ба се ҳавза мансубанд: Аму, Сир ва Зарафшон. Ҳавзаи Аму қисми зиёди қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин ҳавзаро теғаҳои қаторкуҳҳои Ҳисор ва Мастчоҳ аз ҳавзаи Зарафшон ҷудо мекунад. Вай шохоби рости дарёи Панҷ, Бартанг, Язгулон, Ванҷ, Қизилсу ва дарёҳҳои Вахшу Кофарниҳон, ки бевосита ба Амударё ҷори мешаванд, дар бар мегирад. Дарёҳҳои начандон калони Қаратоғ ва Ширкент, ки аз нишебии ғарбии қаторкуҳи Ҳисор ҷори мешаванд низ ба ҳавзаи Амударё таалуқ доранд. Онҳо берун аз ҳудуди Тоҷикистон бо Тупалангдарё, пурра дар қаламрави Узбекистон ҷорӣ мешавад, якҷоя шуда Сурхондарёро ташкил менамояд. Вай аз канори ҷанубу шарқии қаламрави Узбекистон ҷори шуда ба Аму мерезад. Дар қаламрави Тоҷикистон ҷоришавии миёнаи солонаи дарёҳҳои ҳавзаи Аму 64 милиард метри мукаабро ташкил менамояд.

Акнун саволе ба миён меояд, ки дарёи Панҷ дар кадом мавзеъ номи Панҷ ва дар кадом мавзеъ номи Амуро мегирад?

Аму серобтарин дарёи Осиёи Миёна мебошад. Дарозии он 2325 км-ро ташкил менамояд. Вай аз нишебиҳои шимолии қаторкуҳҳои Ҳиндукуш (қаламрави Афғонистон) аз пиряхи Веровский ибтидо мегирад. Дарё дар болообаш Вахчир ном дорад. Ҳангоми бурида гузаштани пешкўҳи ҷанубу ғарбии қаторкуҳи Вахон номи Вахонро мегирад. Дарозии дарёи Вахчир ва аз давоми он дарёи Вахон то ба дарёи Помир ҳамроҳ шуданаш 120 км-ро ташкил менамояд. Баъд аз пайваст шудан ба дарёи Помир онро дарёи Панҷ мегиранд. Панҷ ба дарёи Вахш хело пуроб мегардад ва дар ин ҷо Амударё ташкил меёбад. Амударё ва шохоби он Панҷ ҳудуди қисми ҷанубии Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо менамояд. Масофаи ҷоришавии Амударё дар қаламрави Тоҷикистон 85 км-ро ташкил медиҳад. Дар айни замон ҳудуди Афғонистон ва Тоҷикистон аз мобайни Амударё ва шохоби он Панҷ мегузарад. Калонтарин ва пуробтарин шохоби Амударё-дарёи Панҷ ва Вахш ба ҳисоб меравад. Вахш 28%-и дарёи Панҷро ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзаи дарёи Панҷ 114000 км3  мебошад. Аз маҷрои он дар як сол 35 км3 об ҷори мешавад. Ҳамаи шохобҳое, ки Паҷро ташкил менамоянд дар болооби худ парталотум ва ҷараёни тез доранд. Дарозии дарёи Панҷ 921 км аст. Дар саргаҳи он паҳнои водӣ 1-5 км аст. Ҳангоми аз Ишкошим поёнтар аз минтақаи куҳҳо гузаштан дар баъзе мавзеҳҳо водии чуқур ва тангро ҳосил кардааст. Бари маҷрои дарё дар ин ҷойҳо даҳҳо мертрро ташкил менамояд. Баробари аз минтақаи куҳҳо ба ҳамвори баромадан суръати ҷараёни Панҷ оҳиста оҳиста суст мешавад. Дар ҳамвориҳо дарё ба якчанд шохобҳо тақсим шуда, дар байни онҳо ҷазираҳои хурду калон ҳосил мешавад. Яке аз ин ҷазира Уртатўқай ном дорад, ки 150 км дарозӣ ва 15 км бар дорад. Дарёи Вахш дарозтари шохоби Амударё мебошад. Дарозии он 643 км буда, дар рафти ҷараён якчанд шохобҳоро ба худ қабул менамояд. Ҳангоми ба ҳам пайваст шудани Сурхоб бо Обихингоб номи Вахшро мегирад.

Дарёи Панҷ дар ҳамворӣ аввалин шуда аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мегузарад. Аҳолии деҳаҳои наздисоҳилии ноҳияҳои Ш. Шоҳин, М. С. А. Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ ва Дустӣ аз оби ширину хурбанибоби дарёи Панҷ истеъмол ва ҳамчунин барои обёри кардани заминҳо истифода мебаранд.

Бояд гуфт, дарёҳҳои тезҷараёни Тоҷикистон манбаи бузурги офариниши неругоҳҳои барқии обӣ ва манбаи тараққибахши саноат ба шумор мераванд.

Гадоӣ САЙДАЛИЕВ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg