БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа

АНДЕША. Мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми роҳбарияти олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Агар ба ҳикмат ва мантиқи таърихии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” каме тафаккур кунем ҳаёти муназзами имрӯзаи худро бе он тасаввур карда наметавонем. Зеро аз наҳси ҷанги таҳмилӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари аз миён рафтани суботи сиёсӣ низоми иҷтимоӣ низ ба тадриҷ аз даст рафта, дар ин замина дар пайи пайдоиши ақидаҳои гуногун барои ба вуҷуд омадани расму оинҳои бегона, ифроту тафрит ва раванди бегонапарастӣ ба таври ноаён замина фароҳам оварда шуд. Махсусан, дар раванди ҷаҳонишавии асри 21 ва авҷи хуруҷи терроризму экстримизм таҳдиди ин хатарҳо ба маротиб афзуд. Аз ин рӯ, пас аз ба низом овардани авзои сиёсии ҷомеа зарурати дар чаҳорчӯбаи қонун ба танзим даровардани муҳити иҷтимоиву маънавии кишвар пеш омад. Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ санаи 24-уми майи соли 2007 қонуни мазкурро ҳамчун нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки “Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди ин худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”. Тавре аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули қонуни мазкур зикр гардид, бо амалишавии он ҳамчун қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ урфу одат, расму оин ва ҷашну маъракаҳо, ки рукнҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даромад. Дар даҳ соли амалишавии қонуни мазкур собит гашт, ки ин оғози нек зиндагии сокинони кишварро ба маротиб беҳтар намуда, ба хону хонадони ҳар яки мо файзу баракат овард. Зикри ҳамин як рақам кифоя аст, ки мардуми кишвар бо риояи аҳлонаи қонуни мазкур тавонистанд беш аз 8 млрд сомониро дар буҷаи оилавии худ захира намоянд. Садҳо ҷавон, ки бо сабаби хурофоту урфу одатҳои номуносиб ва сарфу хароҷоти беҳуда наметавонистанд оила барпо кунанд, аз баракати ин қонун хушбахт гардиданд. Ба оилаҳои мотамзада, ки харҷи маросими он як мотами бузурги дигаре маҳсуб меёфт, қонуни мазкур ёриву мададе гашт барои осудани шахсони азодор аз бори вазнини иқтисодӣ .

Зимнан, як нукта боиси зикри хос аст, ки новобаста аз назару тафсирҳои манфиатҳои моддӣ мақсаду мазмуни роҳандозии қонуни мазкур танҳо аз ҷанбаҳои иқтисодӣ иборат нест. Дар маркази ҳадафу мақсадҳои ин қонун ҳифзи фарҳангу маънавиёти ҷомеа қарор дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусиятҳои ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, ба хусус расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Ба шахсиятҳои огоҳ маълум аст, ки барои ба тафриқа овардани ҷомеа ва заиф сохтану ба нестӣ бурдани давлат пеш аз ҳама ба фарҳангу маънавиёти он бархурд сурат мегирад ва асоси бақои миллату давлатро ҳимояи бошуурона аз чунин бархурдҳо ташкил медиҳад. Яъне пас аз Ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави давлатсозиамон яке аз воситаҳои муҳимми ҳимояи фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик роҳандозии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Зеро ин санад, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, ба бақои давлату миллати мо масъуният бахшида, солимии маънавиёти мардуми кишвар, махсусан ҷавононро таъмин месозад.

Вобаста ба ин масъала ташкилотҳои ҳизбӣ, махсусан қаноти ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ТҶҶ “Созандагони Ватан” масъулияти баланд ҳис мекунанд. Зеро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва фарҳангу маънавиёти мардуми кишвар асоси барномаи ҲХДТ-ро ташкил дода, тарғибу ташвиқи он вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳисоб меравад. Махсусан, барои ҷавонон, ки ояндаи орому осуда ва пурсаодаташон аз риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ сахт вобастагӣ дорад, ташаббускор будан дар ин масъала амри виҷдониву имонӣ ба ҳисоб меравад.

Чунончи дар робита ба мавзӯи мазкур дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ (21.07.2017) муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Сайидмурод Самад ишора намуданд, раванди амалишавии қонуни мазкур ба ҳаёт ва ояндаи неки насли ҷавон таъсири мусбӣ расонида, аҳли ҷомеа бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти ба танзим даровардани ҷашну сур, идҳои миллию мазҳабӣ ва анъанаю маросимҳо пеш аз ҳама ба хотири дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба таъмини шароити зисту таҳсили фарзандон ва муҳимтар аз ҳама бартараф кардани ҳама гуна монеаҳо аз роҳи хушбахтиву саодат ва шароити зисти мардум равона гардидааст.

Дар ин замина, мақсади дигари роҳандозии қонуни мазкур ба қавли устод Саидмурод Фаттоҳзода аз банди “номуси дурӯғин” озод кардани тафаккури ҷомеа ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Бояд донист, миллате, ки дар дарозои таърихи бохтҳои ҳазору чаҳорсадсолаи хеш маниши миллии худро то андозае аз даст дода, шеваи андешидани биёбонгардони тозӣ ва рамагардони туркманишро пазируфтааст, чӣ гуна метавонад расму ойини миллии худиро аз бегона ташхис кунад. Ба омма бояд фаҳмонд, ки «қалинг»-ро (вожаи қалинг худ аз забони туркӣ гирифта шудааст) аз қавми рамгард баргирифтаем, ки онҳо тамоми зиндагии худро, муносибатҳои ҳамдигарро бо гӯсфанд танзим мекарданд. Бо додани 10 сар гӯсфанд, яъне «қалинг», духтареро аз хаймаи (юрти) ҳамсоя ба никоҳ медароваранд. Ё бинобар дар хоб дидани падару модари худ, забҳ кардани гӯсфанд ва нони худоӣ додан расми биёбониҳои хурофотӣ мебошад, зеро ба вижа арабҳои замони пешазисломӣ он қадар хурофотӣ буданд, ки дар ҳама корҳо таъсири ҷину париро медиданд. Ҳатто мепиндоштанд, ки ҷон аз тани одами хобида метавонад берун баромада, дигар барнагардад, бинобар ин пойи шахси хобидаро бо ресмон ба мех гир карда, намегузоштанд касе наздикаш ояд. Ҳамин гуна ба модари фарзандмурдаи аз таваллуд бозмонда мефармуданд, то пораи хурди гӯште аз гӯши фарзанди зиндамондаашро бурида бихӯрад ва он гӯшро сӯрох карда гӯшвора овезад. Даҳҳо чунин ойинҳои аз араб баргирифтаро либоси динӣ пӯшонида, то ҳанӯз риоя мекунанд. Солҳои охир баъзан “мутахассисони ҷинбарор” пайдо шудаанд, ки таби бар асари шамолхӯрӣ пайдо шударо ба таъсири ҷину парӣ нисбат дода, бозори худро “гарм” мекунанд.

Ҳамчунон, маросиму дастархонороии “йигитона”-ро дар замони шӯравӣ, аз кирдорҳои намоишкоронаи мардумони Қафқоз баргирифтаем. Ин худнамоиҳои “дӯстону хешовандонро ба ҳасад оваранда” ва “душманонро кӯр кунанда” солҳои ахир то он дараҷа ривоҷ пайдо кард, ки ҷавони тоҷик се сол дар Русия мардикорӣ карда, бо душворӣ, ба истилоҳи мардум “тин болои тин гузошта”, маблағи қалинг, гов ва сарояндаву раққосаро ҷамъ мекунад. Дар ин сабқати ноҷавонмардона касоне (аниқтараш нокасоне) пайдо шуданд, ки барои нишон додани тавоноии худ ва нотавон бознамоёндани ҳамсоягону рақибони худ, дар ҳамкорӣ бо ҳангомахоҳону муллонамоён, чандин расму ойинҳои серхарҷи навро, ба монанди “чодарканон”, “хусурталбон”, “домодталбон” ва монанди он эҷод карданд. Расми дигаре, ки баргирифта аз русҳову аврупоиҳо мебошад, ҷашнгирҳои зодрӯз аст, ки хоси мардумони мо нест ва барои тоҷик дар нисбат ба аврупоиҳо камаршикан аст. Русҳову аврупоиҳо як-ду фарзанд доранд ва ҳар сол бо назардошти ҷашнгирии зодрӯзи падару модар 4-5 бор зодрӯзҳоро ҷашн мегиранд. Аммо тасаввур кунед ҳоли як тоҷики миёнаро, барои гузаронидани зодрӯзи аҳли хонадонаш, ки аксаран аз 10 нафар зиёданд ва бо туҳфаҳо рафтан ба зодрӯзу арӯсиҳо ва дигар маросимҳои ҳамкорон, хешовандон ва ҳамсоягону ғайраҳо. Мутаассифона, дар ҳазорсолаи охир ҳама кору ҳама чизро ба Ислом нисбат доданҳо мардумро то ба фақри андешаи динӣ расонда, беҳтарин арзишҳои исломиро дар чашми одамон ночиз намоёнданд. Яъне асоси тарбияи мусалмонӣ, ки ҳамчун динҳои яктопарастии дигар шикастани нафс мебошад, ба канор бурда, ҷойи онро ба шикампарастӣ доданд. Дар назар дорам шӯрбову палавхӯриҳо ва мағзу мавизу банану аз қуттиҳои коғазин шарбатхӯриҳои тақводорону ҳамсоягону ҳамкоронро, чӣ дар рӯзҳои сугворӣ ва чӣ дар хурсандӣ ва чӣ дар рӯзи мавлуди пайғамбарону маъракаороиҳо барои хатми Қуръон.        

Боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки тайи даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум,  аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми кори нек аз ташкили маъракаҳои пурдабдаву серхарҷ ва ифроту тафритҳои хурофотӣ иборат нест. Ин аст, ки ба унвони мисол дар ноҳияи Вахш як нафар ба ҷойи ташкили маъракаи чили падари марҳумаш маблағи онро дар сангфарш кардани роҳи деҳа сарф кард, дар шаҳри Кӯлоб нафаре маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаашро дар сохтмони пули яке аз деҳаи Гулбоғ сарф кард ва нафари дигар ҳам бо пайравӣ аз ӯ бо маблағи барои як маъракае ҷамъовардааш дар деҳаи Зиракӣ пули мошингузаре сохт. Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ мардум дуруст сафарбар кардани хайру сахоро оғоз карда, ба ҷойи маъракаҳои “ҳафт”-у “чил”-у “сари сол”-и гузаштагонашон бештар ба ятимону камбизоатон, шахсони барҷомонда, мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дасти кӯмак дароз намуда, инчунин мактабҳоро таъмир карда, боғу гулгаштҳо бунёд намуда истодаанд ва ғайра. Сохторҳои ҳизбиро зарур аст чунин намунаҳоро дар миёни оммаи васеи ҷомеа тарғиб намуда, афзалиятҳои онҳоро аз нигоҳи диниву дунявӣ ба мардум дуруст фаҳмонанд, то чунин амалҳои нек ба ҳукми анъана дароянд. Масалан, ба ҷойи баргузории хайру худоии намоишкорона мумкин аст маблағи онро барои тарбияи насли ояндасоз сарф кард. Аз ҷумла, бо маблағи чунин як маъракаи дабдабанок мумкин аст дар таъмини як синфи лабораторӣ ва ё кабинетҳои фаннӣ ба таҷҳизоти зарурӣ саҳм гузошт, ё аққалан ба ҷои чор мизу курсии фарсудаи мактаб, ки фарзандонамон дар он ҷо таҳсил мекунанд, чор мизу курсии нав харида дод. Агар ин шароитро ҳам надорем, аққалан, дар ҷойи ҳамон хароҷоти беҳуда барои фарзандони худамон шароити хуби таҳсилро фароҳам биёрем, то дар сари мизу курсӣ бо истифода аз китобҳои зарурӣ ва компютеру дигар воситаҳои муҳимми таҳсил вазифаҳои хонагиашонро дар хона иҷро кунанд.

Аллакай дар доираи қонун меъёрҳо барои баргузории чорабинӣ ва ҷашну маросим муайян шудаанд, ки ҳизбиёни мо таҷрибаи тарғибу ташвиқи васеи онро доранд. Ҳамзамон, набояд аз хотир дур созем, ки хайру сахо низ ҳамон вақт муносиб аст, ки ба он худи хайркунанда муҳтоҷ набошад. Инчунин, пинҳонӣ анҷом додани маъракаҳои марбути дафн боиси на танҳо вайрон кардани қонун ва мухолифат ба сиёсати давлат мегардад, балки дар фарзандон рафтори ғайриҳуқуқӣ ва ғайрисиёсиро тарбия мекунад, ки минбаъд бо ин рафтори худ насли ҷинояткорро ба воя мерасонем. Кӯдакон дар симои волидонашон афроди ташаккулёфтаро мебинанд ва рафтори онҳоро ҳамчун меъёри зиндагӣ қабул карда, аз онҳо меомӯзанд, ибрат мегиранд. Аз ин рӯ ба таъмини риояи қонунҳо ва меъёрҳои муайяншудаи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ахлоқиву маънавӣ аҳли ҷомеа, хусусан насли калонсолро зарур аст ҷиддӣ аҳамият диҳанд. Зеро ҳар як рафтори мо дар оянда ба сари мо бозмегардад, яъне намунаи нек нишон додану ахлоқи намунавӣ ва маърифати риояи қонунҳоро ба фарзандон ёд додан, боиси он мегардад, ки насли наврас ҳамчун шахсони бомаърифат дар ҷомеа обрӯ пайдо карда боиси сарбаландии падару модар мегарданд. Дар акси ҳол фарзандон дар рӯҳияи беэҳтиромӣ нисбат ба қонун ба воя расида, ҳамчун ҷинояткор боиси сархамии волидон хоҳанд шуд.

Дар робита ба масъалаҳои дар матлаби мазкур зикршуда ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст бо ҷалби оммаи васеи мардум корҳои зеринро анҷом диҳанд:

  • Таъмини риояи ҳатмии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз роҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ, назорати ҷамъиятӣ ва муҳокимарониҳои оммавӣ;
  • Мусоидат дар тағйири тафаккури ҷомеа вобаста ба шакли анҷоми амалҳои хайру сахо ва ба дарки омма расонидан, ки аз маъракаороии намоишкорона дида, аввал шароити зиндагии худро хубу беҳтар гардонад ва баъдан ба ятимону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз кунад, имконияташ бештар бошад роҳу пулҳо созад, мактаб бунёд намояд ва дигар хайрҳои ҷорияро ба манфиати мардум анҷом диҳад;
  • Ба дарки ҷомеа, хусусан занон расонидани он, ки аз банди “номуси дурӯғин” берун омада, ба тақлидкориву “рақобат”-ҳои бемаврид дар дастархонороиву ташкили маъракаҳои ғайриқонунӣ хотима бахшанд;
  • Пешгирӣ аз анҷом додани маъракаҳои пинҳонии дафну азодорӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ;
  • Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун аз роҳи нишон додани намунаи шахсии волидонашон ва ғайра

Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg