БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

АНДЕША. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сулҳ, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осӯдаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст».

Оре, Истиқлолият неъмети ягонаи Худодод аст. Хушбахтона, баъди орзӯҳои чандинасра ин неъмати бебаҳо насиби халқи тоҷику тоҷикистонӣ низ гардид. Тоҷикистон дар солҳои авали истиқлолият ва душвориҳои сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ омад. Ин давра барои ҳар як сокини он, бахусус ҷавонон давраи имтиҳону озмоишҳо буд. Дар байни ҷавонон то андозае дилсардӣ, ноумедӣ нисбат ба таҳаввулотҳо, кинадӯзӣ, хашмгинӣ ва хусумат ба миён омад. Давлат ба парокандагӣ, миллат ба нестӣ, одамон ба гуруҳҳои алоҳида, бераҳмӣ ва ғайра расида буд.

Хушбахтона, аз рӯзҳои аввал новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, масъалаҳои ҷавонон дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дошт ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар симои ҷавонон такягоҳи худро медид. Истиқлолият барои таҳти сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Пас, аз шаш моҳи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни асосии ҷавонон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» нисбати ин гуфта мебошад.

Ҳанӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд намуда буданд: «…бояд пеш аз ҳама ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд».

Ба ҳамагон маълум аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои давлати демократист. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои авали сарварӣ, ки ҳамагӣ 40-сола буданд, такя ба ин нерӯи созанда ва ояндадор намуданд.

Маҳз, бо ташаббуси Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 вохӯрии роҳбарияти кишвар бо ҷавонон доир гашт. 4-уми сентябри худи ҳамон сол Сардори давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкилнамудаи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар назди кулли комсомоли шаҳри Душанбе, ба муносибати дувумин солгарди рӯзи истиқлолият ширкат ва суханронӣ намуданду ба ҷавонон рӯ оварда гуфта буданд: «Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва манн аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд».

Зимни ин суханронӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти бузурги соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ёдовар шуда, чунин зикр намуданд: «Ибораи истиқлолу озодӣ ба Шумо ҷавонон бояд болу пар бахшида, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон бояд аз як гиребон сар бароварда, даст ба даст ҳалол меҳнат кунанд, дониш омӯзанд ва бинои ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро, ки оянда аз они Шумо ҷавонон мебошад».

Хушбахтона вохӯриҳои Пешвои муаззами мо аз ҳамон вақт сар карда, ба ҳукми анъана даромад. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 баргузор гардид. Сарвари муаззами давлат таҳлили чуқури вази сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонони Тоҷикистон табдил ёфт. Маҳз, дар ҳамин анҷуман сарвари давлат ҷавононро нерӯи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу суббот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикситони соҳибистиқлол равона созанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, 23 маи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ боз мулоқот ороста, ҳинни ин вохӯрӣ оид ба таъсис додани сохтори давлатӣ кор бо ҷавонон хабари илҳомбахш расониданд. Ин онро нишон медиҳад, ки сарвари давлат ба ҷавонон бештар такя мекунанд ва маънои онро дорад, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз гаштани саҳифаи нави таърихӣ буд. 16 маи соли 1998 вохӯрии Президенти кишвар бо ҷавонони лаёқатманд баргузор гардид.

Сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз ибтидо маҳсули таърих аст. Бинобар ин, соли 2017 соли ҷавонони кишвар эълон шудааст. Мувофиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30 сола 70% аҳоилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик давлатдории мо на ба таври мунтазам ва пай дар пай, балки имконияти якбора гузаштан ба насли ҷавононро дорад. Зеро 70 фоизи аҳолӣ дар муқобили қисми боқимонда ҳамеша нақши ҳалкунандаро мебозад.

Ҷонибдорӣ намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумат ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Дар масъалаи ташаккули ақида ва зиракии сиёсӣ муносибати нав зарур буда, ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон мусаллаҳ гардидани онҳо бо арзишҳои умумибашарӣ, хулосаҳои замонавӣ оид ба демократия ва моҳирона истифода кардани ҳамаи шаклу роҳҳо ва воситаҳои таъсиррасонии идеявӣ ва сиёсӣ, боло бурдани фаъолнокии онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа лозим аст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Тоҷири аҷам»- и  ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият менамояд, ки беш аз 800 нафар аъзои ҳизбро дар худ муттаҳид намудааст. Аъзоёни ҳизб дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонони кишвар дар самтҳои гуногун сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир саҳми арзанда мегузоранд.

Омӯзгорони донишгоҳ, бахусус аъзоёни ҲХДТ ҳар сари чанд вақт дар толори китобхонаи донишгоҳ ҷамъ омада, аз китоби «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба таъриху адабиёт, расму ойин, ифтихори миллӣ, осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷик истифода намуда, конференсия ва маърӯзаҳо доир менамоем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷанбаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, рукнҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин дар бораи беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон ва ҷавондухтарон, роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ хеле ҳам диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат дар мадди аввал меистад.

Боиси қаноатмандист, ки ин тадбиру талошҳои мо ҳамасола натиҷаҳои мусбат медиҳад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре таъкид доштанд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар давоми даҳсолаҳои охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфтааст. Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кунем. Бо вуҷуди он, давлатсозии навини тоҷикон тақозо менамояд, ки ба вазифаи таълим ва тарбиядиҳии насли наврас ва аҳли ҷомеа мутахассисони баландмаълумот, ки дорои афкори эҷодӣ, соҳиби донишҳои амиқ, маҳорат ва қобилияти касбӣ ҳастанд, ҷалб карда шаванд, то онҳо тавонанд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи сулҳҷӯёна, пойдории адолати иҷтимоӣ, бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи вазифаи худ, эҳтироми қонун ва дарки волоияти он ҳидоят намоянд».

Аз ин рӯ, дар мустаҳкам намудани ҷаҳонбинии навини ҷавонон пеш аз ҳама, муносибати самимонаи ҳар нафари мо нақши ниҳоят муҳимро мебозад, зеро ҳар як сухан, ҳар як унсури гуфтору рафтору кирдори мо барои насли ҷавон ибрат аст.

Бойалӣ ҲУСЕЙНОВ, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бознашр аз китоби “Ҷавонон пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg