БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-асоси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорист!

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар  муассисаҳо, корхонаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷойгиранд оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судмандро баргузор менамояд.

Вобаста ба ин бо сокинони маҳаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурахмони Ҷомӣ дар атрофи гуфтаҳои боло вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо ҷалби васеъи вакилони маҳаллӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиесиву оммавӣ баргузор гардид.

Мутобиқи қисми 4 банди 2-и Оинномаи ҲХДТ, дар маҳаллаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «Исмоили Сомонӣ» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg