БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвонии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал дастгирӣ ёфт

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаву бунёдкор дар  нимаи  дуюми  соли  2018,  Аксияи   ҳизбӣ вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ,  ҷиҳат  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  ба  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҳизб  ва амали  намудани нуктаҳои асосии Паёми  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар дар маҳаллаи  Мирзоободи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз бо  иштироки  васеъи  сокинон  баргузор  гардид.

Аксияро  мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов  Раҳмон  ҳусни оғоз бахшида, қайд  намуд, ки бо мақсад аз баргузории чорабинӣ  ба хотири дар  амал табиқ кардани нишондиҳандаҳои Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ, оғози  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои  рушди  устувор, солҳои  2018-2028”, ҷамъбасти Соли  тақвияти  робита бо  маҳал ва  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сафарбар  намудани сокинони  маҳал дар  ҳалли  масъалаҳои созандагию  бунёдкорӣ,  инчунин   сафарбар  кардани  онҳо дар  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоӣ иборат  мебошад.

Аксияи ҳизбӣ  ба  ҳамин  мавзӯъ  бахшида  шуда,  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  эҳёи анъанаҳои  неки  мардумӣ, тарбияи  ахолқию маънавии  ҷомеро  тақвият  бахшем ва  онҳоро эҳё  намоем.

Сокинони  маҳалла   иқдом  гирифтанд, ки дар  таъмиру  азнавсозии   бинои  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 24 саҳмгузорӣ  намуда,  онро  то охири  ҳамин  ҳафта  ба  анҷом  расонида,  дар  ободонии  маҳалла  саҳми  худро  мегузоранд.   

Аз  ҷониби  сокинон  ҳунарҳо  мардумӣ  ва намоиши  зироатҳои  полезӣ, ки маҳсули дастранҷи онҳо мебошад,   ба  маърази  тамошо гузошта шуда буданд.

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg