БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба рӯзгори мардум равшанӣ бахшид

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаи 1-и ҷамоати шаҳраки Фархор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи 1» фаъолона ширкат варзида, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ ҳунармандону соҳибкорони маҳалла низ ширкати фаъолона намуда, маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Аз он ҷумла, Аюбова Ситора бо лухтаку гулдӯзиҳо, Кибакова Матлуба бо шерозаву муҳраҳои гулкорикардашуда, Раҷабова Мавзуна бо қуроқҳову чодарҳои дастдӯз, ҳамчунин соҳибкороне, ки дар ҳудуди маҳалла фаъолият менамоянд, маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз ҷумла, Ҳабибов Абдухалил устои дару тиреза ва мизу курсӣ аз чуб омодакардашуда, ҶДММ «Фароғат-Н» истеҳсолкунандаи маҳсулоти нонӣ ва сехи дӯзандагии «Сакина» дӯхти либосҳои миллӣ, аз қабили атлас, чакан ва либосҳои арӯсиро ба тамошо гузоштанд.

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди ҳозирин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан моҳият ва мақсади эълон гардидани соли 2018-ро дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg