МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо истиқоматкунандагон тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018 мавриди барраси қарор дода шуд.
Инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони кӯча аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ва дигар намудани ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.