БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- ташаббуси некбинона дар Ватан

ЛЕВАКАНТ. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва намояндаи бахши ҷавонон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Мардуми шарафманди деҳаи Ҳаёти нав бо як ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда дар пайи сайқал додани ҳунари худ ва ҷалб намудани ҷавонон ба ҳунарҳои мардумӣ талош доранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба фаъолоне, ки барои дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб саҳми  арзанда доштанд, онҳро бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg