БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти ватансозӣ

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ , инчунин  дар доираи  Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал  бо  сокинон  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Молия” хониши сиёсӣ  гузарониданд, ки  зимни суҳбату вохӯрӣ доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти тарғиботии ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ,  пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқотҳо  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”  аз 12 май соли 2018 ва дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ба ҳозирин расонида шуд. Дар охир ба  иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои таблиғотии ҳизбӣ  дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg