БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар кардани ҷомеа ба корҳои неку созанда

КӮЛОБ. Барои амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба доир кардани суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии коммуналӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии коммуналӣ” Қурбонов Ҳикматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вобаста ба дастовардҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ Валиева Саъбагул сухан гуфтаву ба ҳозирин хизмати софдилонаву содиқонаро талқин намуда, мавсуф қайд кард, ки барои тозаву озода ва ободу зебо нигоҳ доштани як гӯшаи Тоҷикистони азиз – шаҳри Кӯлоб тамоми нерӯи хешро равона созанд.

Дар қатори ин гуфтаҳо Қурбонов Ҳикматулло ба сухан баромада, изҳори боварӣ намуд, ки мо кормандони ин соҳа фаъолияти худро дар асоси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, кӯшиш менамоем, ки барои ободоии сарзамини хеш саҳме дошта бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg