ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даво” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ вазъи масъалаҳои ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ бештар гардонидааст.
Ҳамчунин доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст.