БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ рушд карда, барои пешрафти рӯзгори мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд

ДӮСТӢ. Дар асоси нақша- чорабинҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохия Одиназода Ҳуснигул ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳия оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва зарурияти он суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ дар замири  мардум бедор намудани завқи баланди ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ мебошад, ки маҳз бо ин ташаббуси пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону  духтарон метавонанд, аз самараи меҳнати дастии худ соҳиби даромади молиявӣ гардида, рӯзгори худро обод ва дастурхонашонро ғанӣ гардонанд.

Дар чорабинии мазкур сокинони деҳот, махсусан занону духтарон корҳои дастӣ аз қабили гулдӯзӣ,  зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чодарбофиро ба намоиш гузоштанд, ки хотири иштирокчиёнро болида гардонида, аз дидани  ҳунарҳои занону бонувони ҳунарманд  онҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg