ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Сангтуда бо сокинон атрофи сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, аз ҷумла эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ба некӯаҳволии мардум равона карда шудааст суҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок ва суханронӣ намуда, атрофи масъалаи амнияти озуқавории аҳолӣ, ки дар заминаи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар вохӯрӣ ва суханронии худ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон, баргузор гардида буд, ёдовар шуд.
Дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои саҳмгузоштан дар корҳои бунёдкориву ободонӣ раҳнамоӣ карданд.