БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои миллӣ ёдгорӣ аз таърихи пурғановати миллатанд!

ВОСЕЪ. Тоҷикон, чуноне ки аз таърих маълум аст, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош карда, дар мушкилтарин шароит ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд.

Тибқи нақша-чорабиниҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза ва Мирзоева Гулрухсор бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳамияти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Меҳробод 3-и ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрии навбатии хешро баргузор намуданд. Зимни баргузории мулоқот масъулин  моҳият ва мафҳуми ҳунарҳои мардумиро  ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Дар баргузории  мулоқот сокинони  деҳа Раҳматова Бибинисо, Мирзошоев Акрамшоҳ ва Мирзошоева Санифамоҳ ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ ва маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд, ки иштирокдорон аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Дар охири чорабини масъулин  ҷавононро баҳри саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон даъват намуда,  иброз доштанд, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд, ва ба Ватани азизи хеш хизмат намоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg