БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХД дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагии маҳал баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухаронӣ намуданд.

Ҳамчунин, қайд намуданд, ки ҳадаф аз эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум буда, дар ин роҳ имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg