А.ҶОМӢ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо зиёда аз 120 нафар сокинони деҳаи Првадаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсиву оммавӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрии баргузоргардида, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самадова Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Ҳақиқат» таксис дода шуд.
Сипас, масъалаи ташкилӣ баррасӣ карда шуда, Маҳмадёров Хуршедро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карданд.