БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём амаликукандаи мақсаду мароми халқ аст

БАЛҶУВОН. Тибқи  нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи

Дашти-Кулкои ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мавсуф оид ба татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи эълон намудани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти  солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории ин вохӯрӣ  дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандонамон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg