БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ манбаҳои асосии ҷойи кори сердаромад!

АНДЕША. Имрӯзҳо тавре ба назар мерасад бахше аз ҷавонон бо мақсади ёфтани кори сердаромад ба хориҷи кишвар, хоса ба Федератсияи Россия сафар менамоянд. Як гурӯҳи дигаре ҳам худро бекор ба қайд гузошатаанд. Тавре сардори шуъбаи агентии назорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар Назиров Аюб иброз дошт, тули 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин шуъба 942 нафар шахсони бекор ба қайд гирифта шуда, 563 нафари онҳо ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Албатта муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷустуҷӯи ҷойи кори муносиб дар тамоми дунё як амри муқаррарист. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо имрӯз фориғбол бошем. Агар ба дурустӣ назар кунем, дар Тоҷикистон чунин шароити табииву мусоид фароҳам аст, ки кулли шаҳрвандонамон метавонанд ба ҷойи кор таъмин бошанд. Чи гуна? Қисмати зиёди нафароне, ки худро бекор ба қайд гирифтаанд ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта худро ба ранҷи ғурбат андохтаанд, дар назди ҳавлиҳояшон камаш 8-10 сотих замин доранд. Ё худ дар деҳаву маконе, ки зиндагӣ мекунанд заминҳои бекорхобида кам нестанд. Аммо аз чи бошад, ки аз заминҳои зархез истифода намебаранд? Ҳол он ки тавре мутахассисони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, агар 1 гектар заминро бошуурона истифода барем, аз 2-3 ҳосили кишти он аз 50000 (панҷоҳ ҳазор) то 80000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда метавонем. Фоидаи соф, яъне ба ғайр аз маблағҳое, ки дар тухмиву техникаву қувваи корӣ сарф кардаем. Кадом муҳоҷири меҳнатӣ дар як мавсим ин қадар пул ба хона равон мекунад? Агар бошанд ҳам, ангуштшуморанд. Ё худ дар кам соҳаҳое кормандонаш чунин даромад ба даст меоранд.

Мо барои ин тамоми шароитро дорем. Пеш аз ҳама оромиву суботи сиёсӣ дари тамоми муваффақиятҳоро ба рӯи мо кушодааст. Агар имконияти кишоварзӣ кардан надорем, пас ба соҳимкорӣ машғул шудан мумкин. Дар таҷрибаҳо дидем, ки як нафар бо маблағи қарзи бонк бо хароҷоти 3,5 ҳазор сомонӣ дар пушти хонааш як дукони хурди тиҷоратӣ боз карду баъди 5 сол аллакай шахси сарватманди деҳа асту дар бозори марказии ноҳия соҳиби чанд нуқтаи савдои молҳои гуногун. Яъне муваффақияти мо аз иродаи мустаҳками мо вобаста аст.

Гузашта аз ин, дигар самти даромаднок ва манбаи ҷойи кор ин машғул шудан ба корҳои хонагӣ мебошад. Бубинед, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва дар ин замина ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳа тамоми ҳунармандони мардумӣ аз пардохти андоз озод гардиданд. Яъне ҳунармандони мардумӣ дар хона бе он ки дар бораи пардохти андозҳо фикр кунанд, тамоми даромадашон ба рушди касбу ҳунарашон равона мегардад. Яъне занону мардони ҳунарманд дар хонаи худ аллакай соҳиби ҷойи коранд. Дӯзандагӣ, ресандагӣ, пазандагӣ ва амсоли онҳо аз ҳунарҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои занон новобаста аз дараҷаи таҳсилоту вазъи иҷтимоӣ манбаи ҷойи кор, даромад ва обруву эътибор дар миёни ҷомеа аст.

Дар айни замон, корҳои хонагие амсоли дуредгарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, сохтани асбобҳои мусиқиву масолеҳи рӯзгор, наққошӣ ва ғайра бисёр даромаднок буда, ҳунарманд на танҳо худ, балки атрофиёну наздиконашро ҳам ба ҷойи кор таъмин карда метавонад.

Бо назардошти ин аз ҳамсолони худ хоҳиш мекунам тамбаливу одатҳои бекоргардиро як сӯ гузошта, дар бораи пешниҳодҳои мо андеша кунанд. Агар каме фикр кунем, дар шарту шароити кишвари мо ҳазорон манбаи ҷойи кории дигар ҳаст, ки дар ин ҷо номбар накардем ва бо истифодаи дуруст аз он манбаҳо мо на танҳо худро ба кор таъмин мекунем, балки ҳамчун корфармо садҳо нафари дигарро соҳиби ҷойи кори даромаднок гардонида, бо азму иродаи қавӣ дар ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳм мегузорем.

Пустиева Маърифат, Холзода Шамшод-таҷрибаомӯзон дар нашрияи “Ҳамрози халқ”, донишҷӯёни курси якуми факултети филологияи тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg